чӯб

чӯб
[چوب]
1. тана, навда ва шохаи ғафси дарахт, ки баъд аз буридан барои сӯзишворӣ, бинокорӣ ва сохтани чизҳои дигар истифода мешавад
2. чӯбдаста, калтак
3. қуфл, ғалақаи дар, занҷиру зулфини дар
4. калтак; адабчӯб; қамчин: то набошад чӯби тар, фармон нагирад гову хар (зарб.)
5. маҷ. хароб, хушк, лоғар: хирс мулло мешавад аз зарби чӯб (зарб.); чӯбу чахс гуфт. ҳезуммайда, чӯбҳои майда-чуйдаи шикаста; чӯб хӯрдан бо чӯб зада шудан, шатта хӯрдан; ба сари касе чӯб шикастан ҷазо додан, сахт азоб додан касеро; гӯру чӯб кардан дафн кардан мурдаро; чӯби тар ба касе фурӯхтан касеро фиреб додан; чӯби нармро кирм мехӯрад ба одами нарму бурдбор озор бештар мерасад; чӯб пеши касе гузошта ба касе монеае сохтан; чӯби сӯрохи занбур иғвогар, шӯрангез; чӯби Мӯсо киноя аз асои Мӯсо пайғамбар; чӯби худо садо надорад, ҳар ки хурад, даво надорад (зарб.)

Толковый словарь таджикского языка (в 2 томах). — Душанбе, НИИ языка и литературы им. Рудаки. . 2008.

Игры ⚽ Поможем написать курсовую
Синонимы:


Поделиться ссылкой на выделенное

Прямая ссылка:
Нажмите правой клавишей мыши и выберите «Копировать ссылку»